Тарҷумаи ҳоли Раиси Шӯрои директорони ҶСК “ҲУМО”
ШАРИПОВ КОМИЛ КАРИМОВИЧ
Маълумоти умумӣ:
Шарипов Комил Каримович 24 ноябри соли 1962 дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.
Мактаби таҳсилоти умумии миёнаи № 16-и ноҳияи Данғара-ро , дар соли 1980 хатм намудааст.
Маълумоташ олӣ. Донишкадаи Соҳибкорӣ ва хизмат-и шаҳри Душанбе-ро бо ихтисоси “Иқтисодиёт ва идора дар корхона” хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ.
Донанди забонҳои русӣ ва англисӣ.
Фаъолиятҳои корӣ:
Фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгор дар мактаби таҳсилоти умумии миёнаи № 16-и ноҳияи Данғара оғоз намудааст.
Солҳои 1986-1992 ҳамчун инструктор, мудири шуъба ва котиби дуюми Комитети ноҳиявии комсомол, аз соли 1992 то соли 1993 вазифаи ҷонишини Раиси Шӯрои иттифоқи ҷавонони ноҳияро ба ӯҳда дошт.
Аз соли 1993 то соли 1997 ҳамчун ҷонишини Раиси “Фабрикаи тамокӯи шаҳри Душанбе” фаъолият кардааст.
Соли 1997 ҷонишини Раиси ҳукумати ноҳияи Октябри (ҳоло ноҳияи Исмоили Сомонӣ) шаҳри Душанбе таъйин гардида, то соли 2000-ум дар ин вазифа фаъолият намудааст.
Моҳи октябри соли 2000 бо фармони Раиси Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба саноат директори гереналии ҶСШК “Гидроагрегат” таъйин шуда, то соли 2008 дар ин вазифа кор кардааст.
Ҳамзамон, дар ин давра ба аспирантура дохил шуда бо кори илмии “Ислоҳоти аграрӣ-таҳкурсии рушди устувори хоҷагии қишлоқ” соҳиби унвони номзади илмҳои иқтидсодӣ гардидааст.
Баъд аз табдил ёфтани корхонаи ҶСШК “Гидроагрегат” ба ҶСК “Ҳумо” ва хусусигардонии он аз моҳи сентябри соли 2008 то инҷониб Раиси Шӯрои директорони ҶСК “Ҳумо” интихоб шуда, фаъолият карда истодааст.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд.
Иштирок дар мақомоти намояндагӣ ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ
Аз соли 1995 то 2000 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2000 то 2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.
Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сомонӣ.
Аз соли 2010 то 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.
Аз соли 2020 то ҳоло вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.
Мукофотҳои давлатӣ:
Соли 2005 бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” сазовор гардонида шудааст.
Будубош дар хориҷи кишвар:
Ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии халқии Чин, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Бритониёи Кабир, Куриёи Ҷанубӣ ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, сафарҳои хизматӣ кардааст.